Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба аввали моҳи равон ҳаҷми бақияи умумии қарзҳо дар низоми бонкии Тоҷикистон беш аз 25% афзуд.
Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ин нишондиҳанда ахири моҳи октябри соли равон зиёда аз 9 млрд. 37 млн. сомонӣ (беш аз 1,7 млрд. $)-ро ташкил додааст, аз ҷумла қарзҳои кӯтоҳмуддат – 5,1 млрд. сомонӣ (54,9%) ва қарзҳои дарозмуддат – 4,2 млрд. сомонӣ (45,1%).
Гуфта мешавад, дар зарфи 11 моҳи соли равон фоизҳои миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ ба 24,70 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 23,32 фоизи солона баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 мутаносибан ба андозаи 0,71% ва 0,39% коҳиш ёфтааст.
«Ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар давраи ҳисоботӣ афзун гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 29,4 фоиз зиёд гардид. Аз ин ҳисоб ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон 1,03 млрд. сомонӣ қарзҳои хурд дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,4 фоиз зиёд мебошад», – зикр мегардад дар маълумоти БМТ.



