Шабдолов: Ба санаи барвақттар гузаронидани ироаи паёми президент тасмими дуруст аст

Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Шодӣ Шабдолов бар ин назар аст, ки аз моҳи апрел ба моҳи январ гузаронидани санаи ироаи паёми президент ба парлумон тасмими дуруст аст. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафҳои президент ва ҳукумат оид ба сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, вазифаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ мантиқан бояд аввали соли молиявӣ гузошта шаванд, ки […]

Аваз Юлдошев



Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Шодӣ Шабдолов бар ин назар аст, ки аз моҳи апрел ба моҳи январ гузаронидани санаи ироаи паёми президент ба парлумон тасмими дуруст аст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳадафҳои президент ва ҳукумат оид ба сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, вазифаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ мантиқан бояд аввали соли молиявӣ гузошта шаванд, ки дар Тоҷикистон 1-уми январ оғоз мегардад.

«Иҷрои вазифаҳое, ки президент назди ҳукумат ва мақомоти дахлдор дар моҳи апрел зимни ироаи паём мегузорад, хеле душвор аст, чунки барои иҷрои онҳо воқеъан ҳам 7-8 моҳ боқӣ мемонад», – иброз дошт раиси ҲКТ.

Дар идома ӯ изҳори итминон кард, ки минбаъд ироаи паёмҳои ҳамасолаи президент ба парлумон аввали сол сурат мегиранд. «Чунин таҷриба дар Русияву Қазоқистон ва бисёр кишварҳои дигари ҷаҳон роиҷ аст», – афзуд Шабдолов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.