Душанбе ба камбуди доллар дучор шуд

Дар остонаи фарорасии Соли нави мелодӣ нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахти Тоҷикистон аз фурӯши доллари амрикоӣ қариб пурра даст кашиданд. Ин вазъро дар нуқтаҳои мубодилаи асъор ба қатъи воридшавии асъори амрикоӣ нисбат медиҳанд. Ба ҳар ҳол доллари амрикоиро дар шаҳр метавон дарёфт намуд, амммо бо қурби баланд, зеро барои 1 доллари ИМА – 5,55 сомонӣ талаб […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар остонаи фарорасии Соли нави мелодӣ нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахти Тоҷикистон аз фурӯши доллари амрикоӣ қариб пурра даст кашиданд. Ин вазъро дар нуқтаҳои мубодилаи асъор ба қатъи воридшавии асъори амрикоӣ нисбат медиҳанд.

Ба ҳар ҳол доллари амрикоиро дар шаҳр метавон дарёфт намуд, амммо бо қурби баланд, зеро барои 1 доллари ИМА – 5,55 сомонӣ талаб карда мешавад ва ин ҳам дар ҳолест, ки қурби фурӯши аз Ҷониби Бонки миллии ҷумҳурӣ муқарраршуда 5,45 сомониро ташкил медиҳад. Нуқтаҳои мубодилаи асъор доллари амрикоиро ба ҳисоби миёна бо арзиши 5,42 сомонӣ барои 1 доллари ИМА мехаранд.

Тез-тез тағйирёбии қурби доллар дар ҷумҳурӣ тайи моҳҳои ахирро дар Бонки миллӣ ба тамоили мавҷуда дар иқтисоди Русия ва ҳамчунин тағйирёбии қурби рубли русӣ вобаста медонанд.

Бино ба иттилои васоити ахбори умуми Русия, рӯзи 29-уми декабр қурби рубли русӣ нисбати доллари ИМА то 58 рубл (1$) боло рафта, нархи нафти навъи Brent то 58 доллари ИМА барои баррел поин рафт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.