Раиси пойтахт толибилмонро бо Соли нав табрик кард

Имрӯз дар бинои сирки пойтахт таҳти сарпарастии мақомоти шаҳрдории Душанбе чорабинии идонаи солинавӣ доир гардид, ки дар он беш аз 2 ҳазор тарбиятгирандагони тамоми мактаб-интернатҳои шаҳр, пешсафони таҳсил ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ҳузур доштанд. Тавре котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев кӯдаконро аз номи президент бо Соли нави […]

Аваз Юлдошев



Имрӯз дар бинои сирки пойтахт таҳти сарпарастии мақомоти шаҳрдории Душанбе чорабинии идонаи солинавӣ доир гардид, ки дар он беш аз 2 ҳазор тарбиятгирандагони тамоми мактаб-интернатҳои шаҳр, пешсафони таҳсил ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ҳузур доштанд.

Тавре котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев кӯдаконро аз номи президент бо Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, онҳоро ба хониши аъло ва рафтори намунавӣ ҳидоят намуд. «Раиси пойтахт онҳоро ояндаи Тоҷикистон номида, ба ҳар кадоме туҳфа тақдим кард», – иброз дошт Саидов.

Зимнан зикр гардид, ки чорабинӣ бо консерти ситораҳои эстрадаи тоҷик анҷом пазируфт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.