Ба бахши вилоятии ҲКТ дар Суғд роҳбари нав таъин шуд

Мубинҷон Маҳмудов, ки қаблан Кумитаи шаҳрии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) дар шаҳри Хуҷандро сарварӣ мекард, иҷрокунандаи вазифаи котиби аввали Кумитаи вилоятии ҲКТ дар Суғд таъин карда шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Кумитаи марказии ҲКТ хабар дод. Бино ба гуфти манбаъ, дар пленуми коммунистони вилояти Суғд, ки аввали соли оянда доир мегардад, […]

Аваз Юлдошев



Мубинҷон Маҳмудов, ки қаблан Кумитаи шаҳрии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) дар шаҳри Хуҷандро сарварӣ мекард, иҷрокунандаи вазифаи котиби аввали Кумитаи вилоятии ҲКТ дар Суғд таъин карда шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Кумитаи марказии ҲКТ хабар дод.

Бино ба гуфти манбаъ, дар пленуми коммунистони вилояти Суғд, ки аввали соли оянда доир мегардад, масъалаи интихоби М.Маҳмудов ба ин вазифа баррасӣ хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки Мубинҷон Маҳмудов таҳти рақами 4 дар рӯйхати ҳизбии коммунистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки Абдуҷаббор Аҳмедов, ки нимаи моҳи сентябр 

худсарона

 мансаби котиби якуми ташкилоти вилоятии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ишғол намуда буд, аз сафҳои ҳизб хориҷ шуд.

Дар анҷумани пешазинтихоботии  ҳизб санаи 27-уми декабр бо пешниҳоди раиси ҲКТ Шодӣ Шабдолов бо дастгирии шумори зиёди вакилон А.Аҳмедов аз сафҳои ҳизб хориҷ карда шуд.

Санаи 21-уми ноябр

 

котиби ҲКТ, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Исмоил Талбаков ба «Азия-Плюс» иттилоъ дода буд, ки мансаби котиби аввали бахши ҲКТ дар вилояти Суғд аз ҷониби нафаре бо номи Абдуҷаббор Аҳмедов худсарона ишғол шудааст, ки тайи панҷ-шаш соли ахир ба Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) ҳеҷ муносибате надошт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.