Натиҷагирӣ аз озмуни комиссияи экологии парлумон

Аз озмуни ҷумҳуриявии маводи иттилоотии беҳтарин дар мавзӯи ҳифзи муҳити зист барои соли 2014-и Комиссияи экологии палатаи поёнии парлумон натиҷагирӣ шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумон,  муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Амиршо Миралиев ба ғолибони озмун мукофотпулиҳо тақдим намуд. Мувофиқи қарори Шӯрои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, ба ҷойи якум […]

ASIA-Plus



Аз озмуни ҷумҳуриявии маводи иттилоотии беҳтарин дар мавзӯи ҳифзи муҳити зист барои соли 2014-и Комиссияи экологии палатаи поёнии парлумон натиҷагирӣ шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумон,  муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Амиршо Миралиев ба ғолибони озмун мукофотпулиҳо тақдим намуд.

Мувофиқи қарори Шӯрои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, ба ҷойи якум бо мукофотпулии 4 ҳазор сомонӣ  барои мақолаи «Чаро дар саргаҳи об бе барқ ва ташналабем?» Далер Мерганов, ба ҷойи дуюм бо мукофопулии 3 ҳазор сомонӣ барои мақолаи «Фалокати экологӣ сарҳад надорад» Давлат Давронов ва ба ҷойи сеюм бо мукофотпулии 2 ҳазор сомонӣ барои филми «Об барои ҳаёт» Аҳлиддини Тоҳир сазовор дониста шуданд.

Инчунин Ҳарамгули Қодир, Тилав Расулзода, Иброҳимов Далер, Асоев Ҳасан ва Яқубов Ҷамолиддин  соҳиби тӯҳфаҳои хотиравӣ аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштанд.

Дар озмуне, ки 2-юми январи соли 2014 эълон шуда буд, дар маҷмӯъ 40 нафар рӯзноманигорони кишвар ширкат варзиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.