Душанбе ба камбуди доллар дучор шуд



Дар остонаи фарорасии Соли нави мелодӣ нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахти Тоҷикистон аз фурӯши доллари амрикоӣ қариб пурра даст кашиданд. Ин вазъро дар нуқтаҳои мубодилаи асъор ба қатъи воридшавии асъори амрикоӣ нисбат медиҳанд.

Ба ҳар ҳол доллари амрикоиро дар шаҳр метавон дарёфт намуд, амммо бо қурби баланд, зеро барои 1 доллари ИМА – 5,55 сомонӣ талаб карда мешавад ва ин ҳам дар ҳолест, ки қурби фурӯши аз Ҷониби Бонки миллии ҷумҳурӣ муқарраршуда 5,45 сомониро ташкил медиҳад. Нуқтаҳои мубодилаи асъор доллари амрикоиро ба ҳисоби миёна бо арзиши 5,42 сомонӣ барои 1 доллари ИМА мехаранд.

Тез-тез тағйирёбии қурби доллар дар ҷумҳурӣ тайи моҳҳои ахирро дар Бонки миллӣ ба тамоили мавҷуда дар иқтисоди Русия ва ҳамчунин тағйирёбии қурби рубли русӣ вобаста медонанд.

Бино ба иттилои васоити ахбори умуми Русия, рӯзи 29-уми декабр қурби рубли русӣ нисбати доллари ИМА то 58 рубл (1$) боло рафта, нархи нафти навъи Brent то 58 доллари ИМА барои баррел поин рафт.

spot_imgspot_img

Популярное