Кумак ба муҳоҷирони тоҷик дар дастрасӣ ба 24 млн. рубл музди меҳнат дар соли 2014



Давоми соли 2014 намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба муҳоҷирони кории тоҷик дар дастрас намудани беш аз 24 млн. рубли русӣ музди меҳнаташон мусоидат кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти муҳоҷирати ҶТ, сабаби асосии ба вуҷуд омадани чунин ҳолатҳо мавҷуд набудани қарордоди меҳнатӣ бо корфармо аст.

«Дар бисёр ҳолатҳо корфармоён ба муҳоҷирон ваъда медиҳанд, ки охири сол маблағи коркардаи онҳоро медиҳанд, вале бинобар сабабҳои гуногун ваъдаи худро иҷро намекунанд», – таъкид мешавад дар маълумот.

Тибқи маълумоти мақомоти муҳоҷират, дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ ҳудуди 785 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар сафар карда, беш аз 532 ҳазор нафар дар ин давра ба ватан баргаштаанд.

Дар ҳамин ҳол, Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия

иттилоъ медиҳад

, ки ба санаи 4-уми декабри соли равон беш аз 1 млн. шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия қарор доштанд. 

spot_imgspot_img

Популярное