Ӯзбеки гумонбар ба терроризм бо шиносномаи тоҷикӣ марзи Беларусро гузаштанӣ шуд

Шаҳрванди Ӯзбекистон, ки барои ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша ва терроризм, мавриди ҷустӯҷӯи байнулмилалӣ қарор дошт, бо шиносномаи тоҷикӣ марзи Беларусро гузаштанӣ шуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии марзбонии Беларус, дар Фурудгоҳи миллии «Минск» зимни анҷоми расмиёти сафари мусофирони хатсайри Минск – Истамбул санаи 28-уми декабр як марди мусофир худро шаҳрванди Тоҷикистон муаррифӣ намуда, ҳангоми […]

ASIA-Plus



Шаҳрванди Ӯзбекистон, ки барои ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша ва терроризм, мавриди ҷустӯҷӯи байнулмилалӣ қарор дошт, бо шиносномаи тоҷикӣ марзи Беларусро гузаштанӣ шуд.

Бино ба маълумоти

хадамоти матбуоти

Кумитаи давлатии марзбонии Беларус, дар Фурудгоҳи миллии «Минск» зимни анҷоми расмиёти сафари мусофирони хатсайри Минск – Истамбул санаи 28-уми декабр як марди мусофир худро шаҳрванди Тоҷикистон муаррифӣ намуда, ҳангоми санҷиши ҳуҷҷатҳо маълум шудааст, ки дар шиносномаи ӯ акс иваз карда шудааст.

«Баъдтар маълум гардид, ки шаҳрванди 31-солаи Ӯзбекистон ғайриқонунӣ марзи давлатиро убур карданӣ буд. Аз моҳи июни соли 2013 ин мард барои ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша ва терроризм мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шудааст», – иттилоъ медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, марде, ки ғайриқонунӣ марзро убур карданӣ буд, боздошт шуда, дар мавриди ӯ таҳқиқот идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.