Кумак ба муҳоҷирони тоҷик дар дастрасӣ ба 24 млн. рубл музди меҳнат дар соли 2014

Давоми соли 2014 намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба муҳоҷирони кории тоҷик дар дастрас намудани беш аз 24 млн. рубли русӣ музди меҳнаташон мусоидат кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти муҳоҷирати ҶТ, сабаби асосии ба вуҷуд омадани чунин ҳолатҳо мавҷуд набудани қарордоди меҳнатӣ бо корфармо аст. «Дар бисёр ҳолатҳо […]

Пайрав Чоршанбиев



Давоми соли 2014 намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба муҳоҷирони кории тоҷик дар дастрас намудани беш аз 24 млн. рубли русӣ музди меҳнаташон мусоидат кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти муҳоҷирати ҶТ, сабаби асосии ба вуҷуд омадани чунин ҳолатҳо мавҷуд набудани қарордоди меҳнатӣ бо корфармо аст.

«Дар бисёр ҳолатҳо корфармоён ба муҳоҷирон ваъда медиҳанд, ки охири сол маблағи коркардаи онҳоро медиҳанд, вале бинобар сабабҳои гуногун ваъдаи худро иҷро намекунанд», – таъкид мешавад дар маълумот.

Тибқи маълумоти мақомоти муҳоҷират, дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ ҳудуди 785 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар сафар карда, беш аз 532 ҳазор нафар дар ин давра ба ватан баргаштаанд.

Дар ҳамин ҳол, Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия

иттилоъ медиҳад

, ки ба санаи 4-уми декабри соли равон беш аз 1 млн. шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия қарор доштанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.