Аз озмуни ҷумҳуриявии маводи иттилоотии беҳтарин дар мавзӯи ҳифзи муҳити зист барои соли 2014-и Комиссияи экологии палатаи поёнии парлумон натиҷагирӣ шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумон, муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Амиршо Миралиев ба ғолибони озмун мукофотпулиҳо тақдим намуд.
Мувофиқи қарори Шӯрои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, ба ҷойи якум бо мукофотпулии 4 ҳазор сомонӣ барои мақолаи «Чаро дар саргаҳи об бе барқ ва ташналабем?» Далер Мерганов, ба ҷойи дуюм бо мукофопулии 3 ҳазор сомонӣ барои мақолаи «Фалокати экологӣ сарҳад надорад» Давлат Давронов ва ба ҷойи сеюм бо мукофотпулии 2 ҳазор сомонӣ барои филми «Об барои ҳаёт» Аҳлиддини Тоҳир сазовор дониста шуданд.
Инчунин Ҳарамгули Қодир, Тилав Расулзода, Иброҳимов Далер, Асоев Ҳасан ва Яқубов Ҷамолиддин соҳиби тӯҳфаҳои хотиравӣ аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштанд.
Дар озмуне, ки 2-юми январи соли 2014 эълон шуда буд, дар маҷмӯъ 40 нафар рӯзноманигорони кишвар ширкат варзиданд.



