Раиси пойтахт толибилмонро бо Соли нав табрик кард



Имрӯз дар бинои сирки пойтахт таҳти сарпарастии мақомоти шаҳрдории Душанбе чорабинии идонаи солинавӣ доир гардид, ки дар он беш аз 2 ҳазор тарбиятгирандагони тамоми мактаб-интернатҳои шаҳр, пешсафони таҳсил ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ҳузур доштанд.

Тавре котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев кӯдаконро аз номи президент бо Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, онҳоро ба хониши аъло ва рафтори намунавӣ ҳидоят намуд. «Раиси пойтахт онҳоро ояндаи Тоҷикистон номида, ба ҳар кадоме туҳфа тақдим кард», – иброз дошт Саидов.

Зимнан зикр гардид, ки чорабинӣ бо консерти ситораҳои эстрадаи тоҷик анҷом пазируфт.

spot_imgspot_img

Популярное