Дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон баталёни кишоварзӣ таъсис дода шуд, ки дар ихтиёри Агентии таъмини амволи махсуси назди ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, чанде қабл дар ҳузури муовини аввал, сардори Ситоди Агентии мазкур Раҷабалӣ Саодатов маросими савгандёдкунии наваскарони баталёни кишоварзӣ баргузор гардид.
Гуфта мешавад, барномаи таълимии сарбозони ин баталён, мувофиқ ба тартибу низоми хизматӣ ҳарбӣ, ба мисли дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ба роҳ монда мешавад.
«Илова бар ин сарбозоне, ки шомили ин қисми низомӣ мегарданд, бояд дар хусуси истифода намудани техникаҳои хоҷагии халқ, роҳу усулҳои коркарди заминҳои киштзор, чорводориву моҳипарварӣ ва умуман доир ба тамоми фаъолияти деҳқонӣ тасавуроти ҳамаҷониба дошта бошанд», – омадааст дар маълумоти Вазорати мудофиа.



