Захираҳои тиллову нуқраи кони Канчоч ба тавозуни давлатӣ дохил шуданд

Ахири соли равон дар толори Маркази иттилоотии Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ ҷаласаи ҳайати васеи Комиссияи давлатии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок (КДЗ) баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Саридораи геология, дар ҷаласа маводҳои ҳисоботи геологии «Ҷустуҷӯи дақиқи тилло дар қисми аллохтонии рӯйпӯши минтақаи Зарафшон қитъаи Чулбои”, ки аз тарафи мутахассисон-геологҳои корхонаи воҳидии […]

ASIA-Plus



Ахири соли равон дар толори Маркази иттилоотии Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ ҷаласаи ҳайати васеи Комиссияи давлатии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок (КДЗ) баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Саридораи геология, дар ҷаласа маводҳои ҳисоботи геологии «Ҷустуҷӯи дақиқи тилло дар қисми аллохтонии рӯйпӯши минтақаи Зарафшон қитъаи Чулбои”, ки аз тарафи мутахассисон-геологҳои корхонаи воҳидии «Экспедитсияи иктишофи геологии Моғиён» пешниҳод шуда буд, баррасӣ гардид.

Ба иттилои манбаъ, бо муҳокимаи тӯлонӣ аз тарафи аъзоёни КДЗ захираҳои тилло ва нуқраи кони маъдани тиллодори Канчоч, қитъаи Чулбои бо назардошти эродҳои аъзоёни Комиссия ва тағйиру иловаҳо, бо варианти ҳисоби экспертӣ қабул гардида тасдиқ карда шуд.

Гуфта мешавад, дар натиҷа ба тавозуни давлатӣ захираҳои кони Канчоч қитъаи Чулбои аз рӯи категорияҳои С1 + С2 + Р1 ба миқдори 32066,7 кг – тилло ва 13812,7кг – нуқра ворид гардид.

Зимнан зикр гардид, ки аъзои КДЗ пешниҳодро оид ба гузаронидани корҳои дақиқи иктишофи геологӣ дар қитъаи Чулбоиро қобили қабул шумориданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.