Дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ баталёни кишоварзӣ таъсис дода шуд

Дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон баталёни кишоварзӣ таъсис дода шуд, ки дар ихтиёри Агентии таъмини амволи махсуси назди ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, чанде қабл дар ҳузури муовини аввал, сардори Ситоди Агентии мазкур Раҷабалӣ Саодатов маросими савгандёдкунии наваскарони баталёни кишоварзӣ баргузор гардид. Гуфта мешавад, барномаи таълимии сарбозони ин […]

ASIA-Plus



Дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон баталёни кишоварзӣ таъсис дода шуд, ки дар ихтиёри Агентии таъмини амволи махсуси назди ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, чанде қабл дар ҳузури муовини аввал, сардори Ситоди Агентии мазкур Раҷабалӣ Саодатов маросими савгандёдкунии наваскарони баталёни кишоварзӣ баргузор гардид.

Гуфта мешавад, барномаи таълимии сарбозони ин баталён, мувофиқ ба тартибу низоми хизматӣ ҳарбӣ, ба мисли дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ба роҳ монда мешавад.

«Илова бар ин сарбозоне, ки шомили ин қисми низомӣ мегарданд, бояд дар хусуси истифода намудани техникаҳои хоҷагии халқ, роҳу усулҳои коркарди заминҳои киштзор, чорводориву моҳипарварӣ ва умуман доир ба тамоми фаъолияти деҳқонӣ тасавуроти ҳамаҷониба дошта бошанд», – омадааст дар маълумоти Вазорати мудофиа.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.