Эҳтимоли ба қайд нагирифтани Шуҳрат Қудратов ба сифати номзад ба вакилӣ



Расман бақайдгирии номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Шуҳрат Қудратов, ки тибқи рӯйхати ҳизбии ҲСДТ пешбарӣ шудааст, метавонад рад карда шавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба гуфти манбаъ, нисбати Шуҳрат Қудратов мурофиаи судӣ идома дошта, танҳо дар сурати пурра аз ҷониби суд бегуноҳ эътироф шудан, ӯ метавонад ҳамчун номзад ба вакилӣ ба қайд гирифта шавад.

«Агар Ш.Қудратов мутобиқи қонуни афв озод шавад, назди қонунгузорӣ ӯ маҳкумшуда боқӣ мемонад ва бақайдгирии ӯ ба сифати номзад ба вакилӣ рад хоҳад шуд», – гуфт манбаъ.

Адвокат Шуҳрат Қудратов, ки аз манфиатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов ҳимоят карда буд, санаи 21-уми июли соли равон аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ боздошт ва худи ҳамон рӯз ба тавқифгоҳи муваққатии Агентӣ фиристода шуда, сипас ба тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ Тоҷикистон гузаронида шуд.

Дар ҳамин ҳол, тавре қаблан хабар дода шуда буд, пас аз барқарор кардани зиёни моддии аз ҷониби адвокат расонидашуда, Шуҳрат Қудратов мутобиқи қонуни афв, метавонад озод карда шавад.

spot_imgspot_img

Популярное