Эҳтимоли ба қайд нагирифтани Шуҳрат Қудратов ба сифати номзад ба вакилӣ

Расман бақайдгирии номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Шуҳрат Қудратов, ки тибқи рӯйхати ҳизбии ҲСДТ пешбарӣ шудааст, метавонад рад карда шавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР Тоҷикистон хабар дод. Бино ба гуфти манбаъ, нисбати Шуҳрат Қудратов мурофиаи судӣ идома дошта, танҳо дар сурати пурра аз ҷониби […]

Аваз Юлдошев



Расман бақайдгирии номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Шуҳрат Қудратов, ки тибқи рӯйхати ҳизбии ҲСДТ пешбарӣ шудааст, метавонад рад карда шавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба гуфти манбаъ, нисбати Шуҳрат Қудратов мурофиаи судӣ идома дошта, танҳо дар сурати пурра аз ҷониби суд бегуноҳ эътироф шудан, ӯ метавонад ҳамчун номзад ба вакилӣ ба қайд гирифта шавад.

«Агар Ш.Қудратов мутобиқи қонуни афв озод шавад, назди қонунгузорӣ ӯ маҳкумшуда боқӣ мемонад ва бақайдгирии ӯ ба сифати номзад ба вакилӣ рад хоҳад шуд», – гуфт манбаъ.

Адвокат Шуҳрат Қудратов, ки аз манфиатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов ҳимоят карда буд, санаи 21-уми июли соли равон аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ боздошт ва худи ҳамон рӯз ба тавқифгоҳи муваққатии Агентӣ фиристода шуда, сипас ба тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ Тоҷикистон гузаронида шуд.

Дар ҳамин ҳол, тавре қаблан хабар дода шуда буд, пас аз барқарор кардани зиёни моддии аз ҷониби адвокат расонидашуда, Шуҳрат Қудратов мутобиқи қонуни афв, метавонад озод карда шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.