Нахуствазир бошандагони хонаи пиронсолон ва маъюбони Ёвонро бо Соли нав табрик кард

Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 30-юми декабр аз ноҳияи Ёвон боздид намуда, бо фаъолияти муассисаҳои иҷтимоӣ – хонаи пиронсолон ва маъюбон ва ҳамчунин мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат шинос шуд. Тавре сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, ба бошандагони ин муассисаҳо нахуствазир аз номи президент туҳфаҳои солинавӣ – […]

Аваз Юлдошев



Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 30-юми декабр аз ноҳияи Ёвон боздид намуда, бо фаъолияти муассисаҳои иҷтимоӣ – хонаи пиронсолон ва маъюбон ва ҳамчунин мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат шинос шуд.

Тавре сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, ба бошандагони ин муассисаҳо нахуствазир аз номи президент туҳфаҳои солинавӣ – сарулибоси зимистона ва шириниҳо тақдим намуд.

Ба иттилои манбаъ, 144 нафар бошандагони хонаи пиронсолон ва маъюбон ва ҳамчунин 219 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернат ба туҳфаҳои солинавии президент соҳиб шуданд.

Зимнан зикр гардид, ки дар мактаб-интернати ноҳияи Ёвон бо иштироки нахуствазир толори нави варзишӣ ифтитоҳ гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.