Туҳфаҳои солинавии президент ба тамоми ҳайати шахсии Вазорати мудофиа

Маросими супурдани тӯҳфаҳои солинавӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст дар Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиа шурӯъ гардида, он то ротаву взводи алоҳида ва ба ҳар як афсару сарбози қисмҳои низомӣ расонида шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, аз номи президенти ба муассилини Литеийи ҳарбӣ тӯҳфаҳои солинавӣ ва ба як қатор донишҷӯёни ин […]

ASIA-Plus



Маросими супурдани тӯҳфаҳои солинавӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст дар Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиа шурӯъ гардида, он то ротаву взводи алоҳида ва ба ҳар як афсару сарбози қисмҳои низомӣ расонида шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, аз номи президенти ба муассилини Литеийи ҳарбӣ тӯҳфаҳои солинавӣ ва ба як қатор донишҷӯёни ин муассисаи миёнаи таълимии ҳарбӣ, ки ятиманду ба таври имтиёз шомили литсейи мазкур гаштаанд сару либос тақдим карда шуд. амин гуна чорабинӣ ё худ маросими супурдани тӯҳфаҳои солинавӣ дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа низ бо шукӯҳи хоса доир шуд.

Гуфта мешавад, ҳамин тариқ, дар арафаи соли нави мелодӣ тӯҳфаҳои солинавӣ, аз номи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ – Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми афсарону сарбозони қисмҳои низомии алоҳида, ҳайати шахсии ҷузъу томҳои тобеи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, донишҷӯёни низомии муассисаҳои таълимии ҳарбӣ, фарзандони хизматчиёни низомӣ ва аҳли оилаи афсароне, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба ҳалокат расидаанд, расонида шуд.

Илова бар ин, ба ғайр аз тақдими тӯҳфаҳои солинавӣ, барои оростани дастурхони идона, аз ҷониби Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳайати шахсии ҷузъу томҳои тобеи Қувваҳои Мусаллаҳ 157 тонна маводи хурокворӣ, аз қабили гӯшт, равған, шириниҳо, меваҷот ва маҳсулоти гуногуни полезиву донагӣ расонида шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.