Эмблемаи ҷашни 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ тасдиқ шуд



Кумитаи тадорукоти омодагӣ ва баргузории чорабиниҳо бахшида ба ҷашни мутафаккири маъруфи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар Кӯлоб эмблема (нишона, рамз)-и расмии онро тасдиқ намуд.

Сармеъмори шаҳри Кӯлоб Зоиршо Ғозиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки  маблағи  барномаи ташкили чорабиниҳо бахшида ба ин ҷашн, ки аз ҷониби ҳукумат тасдиқ шудааст, 9 млн. 366,9 сомониро ташкил медиҳад.

Ба қавли ӯ, аз ин миқдор маблағ 7 млн. 320,5 ҳазор сомониро буҷети ҷумҳуриявӣ, 1 млн. 805 ҳазор сомониро буҷети шаҳҳри Кӯлоб ҷудо карда, 241,4 ҳазор сомонӣ маблағҳои ҷалбшудаи соҳибкорони маҳаллӣ мебошад ва қисмати бештари воситаҳо – 5 млн. 850 ҳазор сомонӣ ба куллан азнавсозии боғи фарҳангу истироҳати шаҳр равона мегардад, ки дар он маҷмааи осорхонаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ воқеъ аст.

«Бо иштироки намояндагони ЮНЕСКО симпозиуми байнулмилалӣ доир гардида, як қатор китобҳо нашр мешаванд. Ҳамчунин намоишномаи Театри мусиқиву драмавии ба номи С.Вализода таҳия гардида, бахшида ба ҷашн боз як қатор чорабиниҳои дигар гузаронида мешаванд», – қайд кард Ғозиев ва илова намуд, ки дар нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ, ки санаи 10-уми октябри соли 2014 дар Минск доир гардид, дар бораи дар соли 2015 амалисозии барномаи байниҳукуматии «Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод» дар Русия ва Тоҷикистон ва мутаносибан пойтахтҳои фарҳангии ИДМ эълон кардани шаҳрҳои Воронеж ва Кӯлоб дар соли 2015  қарор қабул шуд.

Ёдрас мекунем, ки Осорхонаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар Кӯлоб имрӯзҳо ба зиёратгоҳи аксари аҳолии Тоҷикистон ва меҳмонони хориҷӣ мубаддал шудааст. Ин осорхона ёдгории таърихии асрҳои XIV-XVI маҳсуб меёбад.

spot_imgspot_img

Популярное