Қирғизистон созишнома бо Тоҷикистон дар бораи сохтмони ду пулро тасдиқ кард

Президенти Қирғизистон Алмазбек Отамбоев қонун дар бораи тасдиқи Созишнома миёни ҳукуматҳои Қирғизистону Тоҷикистон дар бораи сохтмони ду пул ва қитъаҳои роҳи мошингард миёни марзҳои давлатии ҳарду кишварро, ки оид ба он санаи 31-уми марти соли 2014 дар Душанбе тавофуқ ҳосил шуда буд, ба имзо расонид. Дар ин бора АКИпресс хабар медиҳад. Бино ба иттилои агентии […]

ASIA-Plus



Президенти Қирғизистон Алмазбек Отамбоев қонун дар бораи тасдиқи Созишнома миёни ҳукуматҳои Қирғизистону Тоҷикистон дар бораи сохтмони ду пул ва қитъаҳои роҳи мошингард миёни марзҳои давлатии ҳарду кишварро, ки оид ба он санаи 31-уми марти соли 2014 дар Душанбе тавофуқ ҳосил шуда буд, ба имзо расонид. Дар ин бора


АКИпресс


хабар медиҳад.

Бино ба иттилои агентии мазкур, президенти кишвари ҳамсоя ба Вазорати корҳои хориҷии кишвараш дастур додааст, ки ҷониби Тоҷикистонро дар бораи аз ҷониби Қирғизистон ба иҷро расидани расмиёти дохилидавлатии зарурӣ барои мавриди амал қарор гирифтани созишномаи мазкур огоҳ созад. Қонун аз санаи интишор шуданаш ҳукми қонунӣ мегирад.

Дар ҳамин ҳол, Отамбоев рӯзи 27-уми декабр зимни мулоқот бо рӯзноманигорон дар ин робита изҳор намудааст, ки пас аз вохӯрии ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба эътидол омадани вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон оғоз гардид. Дар ин бора

Вечерний Бишкек

хабар медиҳад.

«Вазъи имрӯзу аввали сол куллан фарқ дорад. Агар дар нимсолаи аввал мо ҳатто марзҳоро мебастем, пас аз вохӯрии мо бо Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи сентябр ва суҳбату ошкор ҳамаи масъалҳо ҳаллу фасл шуданд. Ҳатто сохтмони пулҳое, ки сари онҳо мо 4 сол баҳс доштем, дар ниҳояти кор шурӯъ шуд», – гуфтааст президенти Қирғизистон.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.