Суғд: Нурулло Оқилзода номзад ба вакилӣ дар парлумон пешбарӣ шуд

Дар ноҳияи Мастчоҳ санаи 2 январи соли 2015 конференсияи якҷояи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ва шаҳрхои Истиқлолу Қайроққум баргузор гардид. Бино ба иттилои сомонаи расмии бахши КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, дар конференсия 105 нафар вакилон иштирок намуданд. Дар рўзномаи конференсия масъалаи «Пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Мастчоҳ, №18» мавриди баррасиву муҳокимақарор гирифт. […]

ASIA-Plus



Дар ноҳияи Мастчоҳ санаи 2 январи соли 2015 конференсияи якҷояи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ва шаҳрхои Истиқлолу Қайроққум баргузор гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии бахши КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, дар конференсия 105 нафар вакилон иштирок намуданд. Дар рўзномаи конференсия масъалаи «Пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Мастчоҳ, №18» мавриди баррасиву муҳокимақарор гирифт.

Конференсияи якҷоя номзадии Оқилзода Нуруллоро ба вакилии МНМО ҶТ пешбарӣ намуд. Оид ба ҳаёту фаъолияти номзад ба вакилон маълумот дода шуда, вакил аз шаҳри Истиқлол Ниёзов зимни суханрониаш бобати дастовардҳои меҳнатӣ ва ширкати номзад дарҳаёти ҷамъиятӣ изҳори андеша намуд.

Мутобиқи талаботи моддаи 7 ва 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» овоздиҳӣ ба тарафдории пешбарии номзад ба вакилӣпинҳонӣ гузаронида шуд. Тибқи протоколи №2 маҷлиси комиссияи баҳисобгирӣ оид ба пешбарӣ намудани номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии Мастчоҳ №18 номзад Оқилзода Нурулло бо 98,5 фисад овози вакилони конференсия номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии Мастчоҳ №18 пешбарӣ карда шуд.

Дар Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ, раисони шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ, Қайроққум ва Истиқлол, намояндагони комиссияи ҳавзавии интихобот иштирок намуданд. Конфронс дар сатҳи баланди ташкилӣ ва сиёсӣ доир гардиданд.

Ёдрас мекунем, ки дар ҳавзахои интихоботии Хуҷанд №13, Ҷаббор Расулов «16, Урӯнхоҷаев №15 дар конфронсҳои бахшҳои ҲХДТ дар вилоят Гулбаҳор Турсунова, декани факултети бизнес ва идоракунии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Комил Бӯтаев, сардори Раёсати андози ноҳияи Ҷаббор Расулов ва Зафар Охунов директори ҶДММ «Тиниал» номзадҳо ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешбарӣ шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.