Санаи 30-юми декабри соли 2014, дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон «Озмуни ҷумҳуриявии китоб-2014» ҷамбаст гардид.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати фарҳанги ҶТ, тибқи муқарарот «Низомнома»-и озмун ҳайати ҳакамон ба чунин хулоса омаданд:
Гулрухсор (Сафиева Гулрухсор) барои китоби «Дигар ишқ»; 1200 сомонӣ; Дипломи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Фарзона (Хоҷаева Иноят) барои китоби «Девон»; 1200 сомонӣ; Дипломи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Кароматуллои Мирзо (Мирзоев Кароматулло) барои китоби «Зиндагӣ хам нафасе»; 1200 сомонӣ; Дипломи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Низом Қосим (Қосимов Низом) барои китоби «Хомасузан»; 1200 сомонӣ»; Дипломи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Кӯчаров Аламхон барои китоби «Муҳаққиқи соҳибмактаб»; 1100 сомонӣ; Дипломи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Кенҷаева Латофат барои силсилакитобчаҳои бачагона – «Қофиябозӣ», «Мӯрчаяки баднафс», «Наврӯз», «Алифбои худомӯз», «Баднафсак»…; 600 сомонӣ; Дипломи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.



