Навбатдории шабонарӯзӣ дар ВКД барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки аз 1-уми январи соли 2015 тамоми шаҳрвандоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия мераванд ва ё ба дигар давлатҳо сафар менамоянд, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ метавонанд сафар кунанд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, бо фармони вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода […]

ASIA-Plus



Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки аз 1-уми январи соли 2015 тамоми шаҳрвандоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия мераванд ва ё ба дигар давлатҳо сафар менамоянд, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ метавонанд сафар кунанд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, бо фармони вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар шаҳри Душанбе ва тамоми вилоятҳои ҷумҳурӣ навбатдории 24-соата барои мусоидат намудан ба шаҳрвандон барои гирифтани шиносномаҳои хориҷӣ ташкил карда шуд, аз он ҷумла дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ низ.

Гуфта мешавад, ҳамчунин ба тамоми хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷузъу томҳои он дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки ҳуҷҷатҳои шаҳрвандонро дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода сохта, саривақт  ба шаҳрвандон дастрас намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.