Суғд: Нурулло Оқилзода номзад ба вакилӣ дар парлумон пешбарӣ шуд



Дар ноҳияи Мастчоҳ санаи 2 январи соли 2015 конференсияи якҷояи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ва шаҳрхои Истиқлолу Қайроққум баргузор гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии бахши КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, дар конференсия 105 нафар вакилон иштирок намуданд. Дар рўзномаи конференсия масъалаи «Пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Мастчоҳ, №18» мавриди баррасиву муҳокимақарор гирифт.

Конференсияи якҷоя номзадии Оқилзода Нуруллоро ба вакилии МНМО ҶТ пешбарӣ намуд. Оид ба ҳаёту фаъолияти номзад ба вакилон маълумот дода шуда, вакил аз шаҳри Истиқлол Ниёзов зимни суханрониаш бобати дастовардҳои меҳнатӣ ва ширкати номзад дарҳаёти ҷамъиятӣ изҳори андеша намуд.

Мутобиқи талаботи моддаи 7 ва 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» овоздиҳӣ ба тарафдории пешбарии номзад ба вакилӣпинҳонӣ гузаронида шуд. Тибқи протоколи №2 маҷлиси комиссияи баҳисобгирӣ оид ба пешбарӣ намудани номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии Мастчоҳ №18 номзад Оқилзода Нурулло бо 98,5 фисад овози вакилони конференсия номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии Мастчоҳ №18 пешбарӣ карда шуд.

Дар Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ, раисони шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ, Қайроққум ва Истиқлол, намояндагони комиссияи ҳавзавии интихобот иштирок намуданд. Конфронс дар сатҳи баланди ташкилӣ ва сиёсӣ доир гардиданд.

Ёдрас мекунем, ки дар ҳавзахои интихоботии Хуҷанд №13, Ҷаббор Расулов «16, Урӯнхоҷаев №15 дар конфронсҳои бахшҳои ҲХДТ дар вилоят Гулбаҳор Турсунова, декани факултети бизнес ва идоракунии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Комил Бӯтаев, сардори Раёсати андози ноҳияи Ҷаббор Расулов ва Зафар Охунов директори ҶДММ «Тиниал» номзадҳо ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешбарӣ шуданд.

spot_imgspot_img

Популярное