Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таъин намудани Нуралӣ Риоев ба вазифаи муовини аввали раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон розигӣ дод.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, сарвари давлат ҳамчунин таъин намудани Тоҷиддин Назаршоевро ба мансаби муовини раиси ВМКБ маъқул шуморид.
То ба ин мансаб таъин шудан Нуралӣ Риоев ба ҳайси сардори Раёсати кор бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии дастгоҳи президент ифои вазифа мекард. Дар мансаби нав ӯ Амрихудо Дамдорро иваз намуд, ки номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумони кишвар пешбарӣ шуд.
Тоҷиддин Назаршоев полковники милиса буда, замоне дар мансаби сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар ВМКБ фаъолият кардааст.



