Рамазон Раҳимзода ҳар се моҳ ба мушкилоти тобеъонаш расидагӣ мекунад

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ҳар се моҳ ба арзу шикоят ва мушкилоти тобеъонаш шахсан расидагӣ мекунад. Бино ба маълумоти сомонаи расмии ВКД ҶТ,  ин иқдом бо мақсади огоҳӣ пайдо намудан аз фаъолият ва ҳифзи иҷтимоии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ реҷаи қабули кормандон аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ ба роҳ монда мешавад, ки […]

ASIA-Plus



Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ҳар се моҳ ба арзу шикоят ва мушкилоти тобеъонаш шахсан расидагӣ мекунад.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ВКД ҶТ,  ин иқдом бо мақсади огоҳӣ пайдо намудан аз фаъолият ва ҳифзи иҷтимоии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ реҷаи қабули кормандон аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ ба роҳ монда мешавад, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ метавонанд бевосита мушкилоти худро ҳаллу фасл намоянд.

«Вазир тобеъони худро ҳар се моҳ як маротиба рӯзҳои шанбе тибқи нақшаи тасдиқшуда рӯзҳои 7 март, 6 июн, 5 сентябр ва 5 декабри соли равон аз соати 8 то 9 қабул мекунад», – зикр мегардад дар сомонаи расмии ВКД ҶТ.

Гуфта мешавад, шанбеи якуми ҳар моҳ аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро шаҳрвандон қабул гардида, арзу шикояти онҳо мавриди баррасӣ қарор дода мешавад ва ба ҳар як корафтода аз ҷониби роҳбарияти Вазорат таваҷҷӯҳи хосса зоҳир гардида, барои ҳалли мушкилоти онҳо тадбирҳои қонунӣ андешида мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.