Тағйироти кадрӣ дар мақомоти раҳбарии ВМКБ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таъин намудани Нуралӣ Риоев ба вазифаи муовини аввали раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон розигӣ дод. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, сарвари давлат ҳамчунин таъин намудани Тоҷиддин Назаршоевро ба мансаби муовини раиси ВМКБ маъқул шуморид. То ба ин мансаб таъин шудан Нуралӣ Риоев ба ҳайси сардори […]

Аваз Юлдошев




Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таъин намудани Нуралӣ Риоев ба вазифаи муовини аввали раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон розигӣ дод.


Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, сарвари давлат ҳамчунин таъин намудани Тоҷиддин Назаршоевро ба мансаби муовини раиси ВМКБ маъқул шуморид.

То ба ин мансаб таъин шудан Нуралӣ Риоев ба ҳайси сардори Раёсати кор бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии дастгоҳи президент ифои вазифа мекард. Дар мансаби нав ӯ Амрихудо Дамдорро иваз намуд, ки номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумони кишвар пешбарӣ шуд.

Тоҷиддин Назаршоев полковники милиса буда, замоне дар мансаби сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар ВМКБ фаъолият кардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.