Задухӯрди мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Рӯзи аввали соли 2015 дар асоси хабари оперативӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар қитъаи отряди сарҳадии “Ҳамадонӣ” кӯшиши қочоқи маводи нашъаоварро дар ҳаҷми махсусан калон пешгирӣ намуданд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, як гурӯҳи мусаллаҳи қочоқчиёни афғон иборат […]

ASIA-Plus



Рӯзи аввали соли 2015 дар асоси хабари оперативӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар қитъаи отряди сарҳадии “Ҳамадонӣ” кӯшиши қочоқи маводи нашъаоварро дар ҳаҷми махсусан калон пешгирӣ намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, як гурӯҳи мусаллаҳи қочоқчиёни афғон иборат аз шаш нафар сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, ба қаламрави Тоҷикистон ворид гашта, ҳангоми аз тарафи кормандони Агентӣ ва сарҳадбонони тоҷик дастгир намудан, муқобилияти мусаллаҳ нишон доданд.

«Аз рӯи маълумот, дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳ як нафар қочоқчии афғон захмӣ ва қочоқчиёни боқимонда аз торикии шаб истифода бурда, ба қаламрави Афғонистон фирор намуданд ва захмиро ҳамроҳи худ бурданд», – омадааст дар хабари Агентӣ.

Гуфта мешавад, дар ҷои ҳодиса кормандони Агентӣ ва сарҳадбонони тоҷик гилзаҳои тири силоҳи оташфишон, ду телефони мобилӣ ва як халтаро ошкор намуданд, ки дар дохили он ҳудуди 12 кило маводи мухаддири афюн дарёфт шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.