Роҳбари милисаҳои Хатлон номзад ба вакилӣ дар парлумон пешбарӣ шуд

Генерал-майори милиса, сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Анвар Тағоймуродови 54-сола аз ҳавзаи интихоботии Қӯрғонтеппа номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, номзадии ӯро Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дастгирӣ намудааст. Анвар Тағоймуродов хатмкардаи шуъбаи Мактаби олии милиса дар шаҳри Тошканд буда, соли […]

ASIA-Plus



Генерал-майори милиса, сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Анвар Тағоймуродови 54-сола аз ҳавзаи интихоботии Қӯрғонтеппа номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, номзадии ӯро Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дастгирӣ намудааст.

Анвар Тағоймуродов хатмкардаи шуъбаи Мактаби олии милиса дар шаҳри Тошканд буда, соли 1982 ба вазифаи ваколатдори шуъбаи кофтукови ҷиноии шаҳри Кӯлоб таъин ва дар ин ҷо то ба мансаби муовини сардори шуъбаи кофтукови ҷиноии Раёсати ВКД-и шаҳр фаъолият намудааст.

Ҳамчунин соли 1982 сардори шуъбаи кофтукови ҷиноии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ва соли 1999 муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон таъин гардида, минбаъд ба ҳайси муовини сардори Раёсати ВКД дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ифои вазифа кардааст. Давоми солҳои 2000-2005 – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ.

Соли 2005 дар мансаби муовини аввали сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, аз соли 2005 то соли 2009 дар вазифаи сардори Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД Тоҷикистон ва аз соли 2009 то соли 2011 дар мансаби сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккилонаи ВКД Тоҷикистон адои хизмат намудааст.

Аз соли 2011 то соли 2012 – муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон. Соли 2012 сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таъин шуд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи январи соли 2011 зимни ифоаи вазифа ба ҳайси сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккилонаи ВКД Тоҷикистон Анвар Тағоймуродов аз болои газетаи «Азия-Плюс» ба суди ноҳияи Фирдавсӣ шикоят бурда, аз суд дархост намуда буд, ки ба манфиати ӯ аз нашрия 1 млн. сомонӣ ҷуброн пардохта шавад. Даъво сари нашри мақолаи «Тафтишот ё инквизитсия» мерафт, ки дар он оид ба истифодаи шиканҷа нисбати боздоштшудагон аз ҷониби кормандони Раёсати дар боло зикршуда ва сохторҳои он дар вилояти Суғд маълумот дода шуда буд.

Қобили зикр аст, ки дар даъвати ҳозираи палатаи поёнии парлдумони ҷумҳурӣ ҳавзаи интихоботии Қӯрғонтеппаро ҳуқуқшинос Саодат Амиршоева намояндагӣ мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.