Мусодираи миқдори зиёди маводи мухаддир дар Мурғоб

Кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зимни чорабиниҳои махсус миқдори зиёди маводи мухаддири нахуст дар соли равонро мусодира намуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 1-уми январ кормандони милитсия дар ҳудуди ноҳияи Мурғоб автомашинаи тамғаи «Митсубиси-Паҷеро» таҳти идораи ронанда Амиралӣ Ҷавови 29-сола, сокини шаҳри Хоруғро ҳамроҳии мусофиронаш Карамалӣ Мардоншоеви 43-сола, сокини ноҳияи Шуғнон ва […]

ASIA-Plus



Кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зимни чорабиниҳои махсус миқдори зиёди маводи мухаддири нахуст дар соли равонро мусодира намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 1-уми январ кормандони милитсия дар ҳудуди ноҳияи Мурғоб автомашинаи тамғаи «Митсубиси-Паҷеро» таҳти идораи ронанда Амиралӣ Ҷавови 29-сола, сокини шаҳри Хоруғро ҳамроҳии мусофиронаш Карамалӣ Мардоншоеви 43-сола, сокини ноҳияи Шуғнон ва Аъзам Имомдодови 29-сола сокини шаҳри Хоруғ боздошт мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи мазкур аз дохили бағоҷи он 71 килою 480 грамм маводи нашъадори навъи «ҳашиш» дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Гуфта мешавад, нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.