Мақомоти шаҳрдории Душанбе барои ишғоли вазифаи директори Муассисаи давлатии «Нигоҳдошт ва истифодабарии иншооти варзишии оммавӣ»-и ҳукумати пойтахт озмун эълон кард.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, озмун то 31-уми январ идома ёфта, натиҷаҳои он санаи 5-уми феврал ҷамъбаст мешаванд.
Гуфта мешавад, довталабон бояд ҳатман маълумоти олии касбии дахлдор ва таҷрибаи кории роҳбарикунанда дошта бошанд.



