ҲХДТ номзадии намояндаи «ТАЛКО»-ро ба вакилӣ пешбарӣ карданист

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон номзадии директори идоракунандаи КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) Садриддин Шариповро ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ карданист. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод. Биноба иттилои манбаъ, аввали ҳафтаи оянда Садриддин Шарипов дар конфронси минтақавии ҲХДТ аз ҳавзаи интихоботии шаҳри Турсунзода номзад ба вакилӣ пешбарӣ […]

Аваз Юлдошев



Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон номзадии директори идоракунандаи КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) Садриддин Шариповро ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ карданист. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Биноба иттилои манбаъ, аввали ҳафтаи оянда Садриддин Шарипов дар конфронси минтақавии ҲХДТ аз ҳавзаи интихоботии шаҳри Турсунзода номзад ба вакилӣ пешбарӣ мешавад.

Қобили зикр аст, ки ҳавзаи интихоботии мазкурро дар даъвати кунунии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон собиқ раиси шаҳри Турсунзода Баракатулло Атохоҷа намояндагӣ мекунад.

Металлурги касбӣ Садриддин Шарипов узви ду даъвати ахири палатаи болоии парлумони Тоҷикистон мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.