АНМН: Мусодираи ҳудуди 10 кило ҳашиш дар Суғд



Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар се нафар сокинони маҳаллиро дастгир намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, аз дохили сумкаи варзишии боздоштшудагон 9 дона бастаи дорои 9 килову 176 грамм маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира шудааст.

Гуфта мешавад, дастгиршудагон дар тафтишоти пешакӣ нишондод доданд, ки ният доштанд маводи нашъаовари гашишро берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ интиқол диҳанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур аз тарафи Гурӯҳи тафтишотии Раёсати Агентӣ парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 200 қ.4 КҶ ҶТ (“Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори махсусан калон”) оғоз гардида, боздоштшудагон ба тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Раёсати Агентӣ ворид карда шуданд.

spot_imgspot_img

Популярное