Боздиди вазири корҳои дохилӣ аз қисми низомӣ дар Суғд

Дар ҷараёни сафар ба вилояти Суғд вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода ҳамроҳи раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД полковник Маҳмадзода Хуршед ба қисми низомии 3501-и қӯшунҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ташриф оварда, бо рафти корҳои сохтмонӣ ва созандагию ободонӣ дар қисми мазкур аз наздик шинос […]

ASIA-Plus



Дар ҷараёни сафар ба вилояти Суғд вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода ҳамроҳи раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД полковник Маҳмадзода Хуршед ба қисми низомии 3501-и қӯшунҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ташриф оварда, бо рафти корҳои сохтмонӣ ва созандагию ободонӣ дар қисми мазкур аз наздик шинос шуданд. 

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, зимни боздид вазир бо афсарону аскарони қисми низомии 3501-и қӯшунҳои дохилӣ ҳамсӯҳбат шуда, иброз дошт, ки вазифаи аввалиндараҷаи ҳар фарди баномус, пеш аз ҳама ин ҳифзи марзу буми кишвари азизамон, иҷрои қарзи шаҳрвандӣ ва хизмати содиқонаю софдидона ба Ватан мебошад.

Инчунин вазир зимни ин сафари хизматӣ аз шароити кории кормандон ва ободонии биноҳо дидан намуда, ҳайати шахсиро ба хизмати содиқона дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ободиву хуррамии ватани азизамон ҳидоят намуд.

Ҳамчунин вазири корҳои дохилӣ барои боз ҳам беҳтар намудани шароити хизматӣ дар қисми низомии 3501 ба Фармондеҳи қӯшунҳои дохилӣ ва роҳбарияти РВКД дар вилояти Суғд супоришҳои мушаххас дод.

Гуфта мешавад, Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳамчунин ба факултаи 4-уми Академияи Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, аз шароити таҳсил ва таълиму тарбияи курсантони мазкур ошноӣ пайдо намуд.

Вазири корҳои дохилӣ сараввал аз корҳои ободонию созандагӣ дар Академияи мазкур дидан намуда, сипас дар саҳни бинои Академия бо устодону курсантон ва ҳайати шахсӣ мулоқот доир кард.

 Мавсуф ба шароити таҳсил ва таълиму тарбияи курсантон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, қайд кард, ки «таҳсил дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ боиси ифтихор аст, чунки танҳо шахси шарафманд метавонад барои хизмати Модар-Ватан камари ҳиммат баста, ҳама мушкилиҳоро паси сар кунад ва бо хизмати содиқонаю софдилона бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа мубориза барад».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.