Номзадҳои ҲХДТ аз санҷиши донистани забони тоҷикӣ гузаштанд

Ҳамаи 28 номзадҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба вакилӣ дар парлумон тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ рӯзи 6-уми январ аз санҷиши донистани забони давлатӣ гузаштанд. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода дар ин робита иттилоъ дод, ки санҷиши номзадҳои ҲХДТ-ро намояндагони КМИР ва олимони соҳаи забоншиносӣ баргузор намудаанд. «Ҳамаи номзадҳои ҲХДТ аз сатҳи […]

Аваз Юлдошев



Ҳамаи 28 номзадҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба вакилӣ дар парлумон тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ рӯзи 6-уми январ аз санҷиши донистани забони давлатӣ гузаштанд.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода дар ин робита иттилоъ дод, ки санҷиши номзадҳои ҲХДТ-ро намояндагони КМИР ва олимони соҳаи забоншиносӣ баргузор намудаанд. «Ҳамаи номзадҳои ҲХДТ аз сатҳи донишашон аз забони давлатӣ баҳои мусбат гирифтанд», – иброз дошт Додозода.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки имрӯз баргузории санҷиши дониши забони тоҷикии номзадҳои пешбаришуда аз Ҳизби демократ, Ҳизби сотсиалистӣ ва Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки дар

анҷумани пешазинтихоботии ҲХДТ

бо иштироки пешвои ҳизб, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 28 нафар номзадҳо ба вакилӣ тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умуиҷумҳуриявӣ пешбарӣ шуданд. Номзади ҷавонтарини ҳизб, корманди дастгоҳи иҷроияи президент Юсуф Маҷидӣ 26 сол дошта, дар садри рӯйхат ёвари президент оид ба сиёсати кадрҳо Абдуҷаббори Азиз қарор гирифт.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон бори нахуст

сатҳи донистани забони давлатии

номзадҳо ба вакилӣ дар ҳамаи сатҳҳо санҷида мешавад. Номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнӣ ва болоии дар ҳузури аъзои КМИР ва мутахассисони соҳаи забоншиносӣ уҳдадор мешаванд, ки бо забони давлатӣ ҳолнома (автобиография)-и худро навишта, на камтар аз як саҳифа матни пешниҳодшударо қироат кунанд ва ҳамчунин бо забони тоҷикӣ суҳбат карда тавонанд.

Санҷиши донистани забони давлатии номзадҳо ба вакилӣ дар маҷлисҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ танҳо тариқи суҳбат сурат мегирад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.