Дар ҷараёни сафар ба вилояти Суғд вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода ҳамроҳи раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД полковник Маҳмадзода Хуршед ба қисми низомии 3501-и қӯшунҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ташриф оварда, бо рафти корҳои сохтмонӣ ва созандагию ободонӣ дар қисми мазкур аз наздик шинос шуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, зимни боздид вазир бо афсарону аскарони қисми низомии 3501-и қӯшунҳои дохилӣ ҳамсӯҳбат шуда, иброз дошт, ки вазифаи аввалиндараҷаи ҳар фарди баномус, пеш аз ҳама ин ҳифзи марзу буми кишвари азизамон, иҷрои қарзи шаҳрвандӣ ва хизмати содиқонаю софдидона ба Ватан мебошад.
Инчунин вазир зимни ин сафари хизматӣ аз шароити кории кормандон ва ободонии биноҳо дидан намуда, ҳайати шахсиро ба хизмати содиқона дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ободиву хуррамии ватани азизамон ҳидоят намуд.
Ҳамчунин вазири корҳои дохилӣ барои боз ҳам беҳтар намудани шароити хизматӣ дар қисми низомии 3501 ба Фармондеҳи қӯшунҳои дохилӣ ва роҳбарияти РВКД дар вилояти Суғд супоришҳои мушаххас дод.
Гуфта мешавад, Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳамчунин ба факултаи 4-уми Академияи Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, аз шароити таҳсил ва таълиму тарбияи курсантони мазкур ошноӣ пайдо намуд.
Вазири корҳои дохилӣ сараввал аз корҳои ободонию созандагӣ дар Академияи мазкур дидан намуда, сипас дар саҳни бинои Академия бо устодону курсантон ва ҳайати шахсӣ мулоқот доир кард.
Мавсуф ба шароити таҳсил ва таълиму тарбияи курсантон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, қайд кард, ки «таҳсил дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ боиси ифтихор аст, чунки танҳо шахси шарафманд метавонад барои хизмати Модар-Ватан камари ҳиммат баста, ҳама мушкилиҳоро паси сар кунад ва бо хизмати содиқонаю софдилона бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа мубориза барад».



