Ному насаби марзбонони тоҷики ба асорат афтода маълум шуд



Прокуратураи вилояти Хатлон ному насаби хизматчиёни нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро, ки ахири соли гузашта аз ҷониби намояндагони ҳаракати «Толибон»

ба асорат гирифта шуда буданд

, ифшо намуд.

Сарёвари прокурори вилояти Хатлон Анвар Назарзода имрӯз дар ҷамъи журналистон изҳор намуд, ки марзбонони асиршуда Фарҳод Калонови 17-сола, Меҳроҷ Шодиеви 20-сола, Сироҷ Давлатови 23-сола ва Тӯйчибек Нурбоеви 18-сола буда, ҳамаи онҳо дар қисми низомии 2610-и дастаи марзбонии Панҷ адои хизмат мекарданд.

Ба гуфтаи ӯ, дар робита ба ин масъала прокуратураи ҳарбии гарнизони Қӯрғонтеппа нисбати муовини сардори дастаи марзбонии Панҷ Алимуҳаммад Додокалонов парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Аз ҷузъиёти дигари ин қазия маълумот дода нашуд.

Бино ба иттилои қаблӣ, ҳаракати «Толибон» то ҳол барои озодии марзбонони тоҷик ҳеҷ шарте пеш нагузоштааст.

Аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳукуматдорони Афғонистон итминон додаанд, ки марзбонони тоҷик рӯзҳои наздик озод карда мешаванд. «Имрӯз макони будубоши марзбонони асир муайян шуда, саҳеҳан маълум аст, ки онҳо зиндаву вазъи солимиашон қаноатбахш аст», – гуфт манбаъ.

Рӯзи 22-юми декабр роҳбари Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ Тоҷикистон Абдулфайз Атоев дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» изҳор намуда буд, ки консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Қундузи Афғонистон саҳеҳияти маълумоти рабуда шудани марзбонони тоҷикро мавриди санҷиш қарор додааст, вале баъди ин департаменти иттилооти ВКХ ҶТ дигар ба ин масъала таваҷчуҳе зоҳир накард.

Дар ҳамин ҳол, муовини фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Муҳаммад Ҷаъфаров санаи 22-юми декабр дар мусоҳиба ба радиои «Озодӣ» далели ба асорат гирифтани марзбонони тоҷикро рад кард.

Субҳи рӯзи 22-юми декабр як манбаъ аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс»  ба асорат афтодани марзбонони тоҷикро тасдиқ намуда, таъкид дошт, ки ба таҳқиқи ҳодиса мазкур Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ машғул аст.

Ҳамчунин қаблан иттилоъ дода будем, ки

сохторҳои дахлдори Тоҷикистон

дар робита ба масъалаи озод кардани 4 нафар марзбонони тоҷик мудом бо мақомоти Афғонистон дар тамосанд.

spot_imgspot_img

Популярное