Кӯлоб: Боздошти сокини маҳаллӣ бо як миқдор ҳашиш



Санаи 7-уми январ кормандони Шуъбаи минтақаи Кӯлоби Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб сокини маҳаллиро боздошт намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз кисаи ӯ як бастаи селлофанӣ дарёфт гардидааст, ки дар дохили он 50 адад маводи чоркунҷашакл мавҷуд буд. «Экспертизаи судӣ муайян намуд, ки маводи боздоштшуда ҳашиш мебошад», – омадааст дар иттилои Агентӣ.

Гуфта мешавад, нисбати ин ҳодиса аз рӯи моддаи 200 қ. 2 – “Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори начандон калон” парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, боздоштшуда ҳоло ба тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии шуъба ворид карда шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное