Имкони ба дастаи «Хуҷанд» омадани дарвозабони мунтахаби футболи Қирғизистон

Дарвозабони мунтахаби миллии футболи Қирғизистон Валерий Кашуба имкон дорад, карераи бозигарии худро дар «Хуҷанд»-и Хуҷанд идома диҳад.  Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футоли Тоҷикистон (ФФТ), дарвозабони 30-солаи қирғизистонӣ, ки мавсими соли гузаштаи футбол дар «Алай»-и вилояти Оши Қирғизистон бозӣ мекард, омодагии пешазмавсимии худро дар ҳайати «Хуҷанд»-и Хуҷанд мегузаронад. Сармураббии «Хуҷанд» Нумонҷон Юсупов юа ФФТ […]

ASIA-Plus


Дарвозабони мунтахаби миллии футболи Қирғизистон Валерий Кашуба имкон дорад, карераи бозигарии худро дар «Хуҷанд»-и Хуҷанд идома диҳад. 

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футоли Тоҷикистон (ФФТ), дарвозабони 30-солаи қирғизистонӣ, ки мавсими соли гузаштаи футбол дар «Алай»-и вилояти Оши Қирғизистон бозӣ мекард, омодагии пешазмавсимии худро дар ҳайати «Хуҷанд»-и Хуҷанд мегузаронад.

Сармураббии «Хуҷанд» Нумонҷон Юсупов юа ФФТ дар ин робита иттилоъ додааст, ки агар марҳилаи азназаргузариро дарвозабони мунтахаби миллии Қирғизистон бомуваффақият сипарӣ намояд, он гоҳ бо ӯ шартнома баста мешавад.

Кашуба қаблан дар дастаҳои «Дордой», СКА-ПВО, «Абдиш-Ата» ва  «Олға»-и Қирғизистон бозӣ кардааст. Дар мавсими футболи солҳои 2011-2012 бошад, Кашуба дар ҳайати «Ак-Булак»-и Қазокистон, ки дар лигаи якуми ин кишвар баромад мекунад, бозӣ мекард. Кашуба дар ҳайати мунтахаби миллии Қирғизистон дар 11 бозӣ иштирок намудааст.

Иҷрокунандаи вазифаи директори Департамаенти баргузории мусобиқаҳои Федератсияи футболи Қирғизистон КанатАсенов дар мусоҳибааш бо торнамои расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон изҳор намудааст, ки дастаи «Хуҷанд» соҳиби дарвозабони касбӣ ва боэътимод мешавад.

«Валера маҳорати баланди дарвозабонӣ дорад. Вай ҳангоми партофтҳои заминӣ ва тобхӯрӣ, инчунин дар пешбаромаданҳо низ хеле моҳирона бозӣ мекунад. Новобаста аз қадаш, ки он қадар баланд нест, ҷаҳиши хуб дорад. Соли гузашта, маҳз бо хизматҳои шоистаи вай, дастаи «Алай» дар зарбаҳои пеналтии баъди бозӣ бо клуби футболи  Фаластин ғолиб шуда, ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО роҳ ёфт. Ба ғайр аз ин, Валера таҷрубаи бозигариро дар Қазоқистон низ дорад, ки фикр мекунам дар Тоҷикистон ин таҷруба ба ӯ лозим мешавад. Берун аз майдон Кашуба бисёр одами маданӣ ва хушмуомила аст», – гуфтааст номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.