Истихроҷи ҳаҷми рекордии ангишт дар Тоҷикистон тӯли 34 соли ахир

Соли гузашта дар Тоҷикистон тақрибан 870 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шуд, ки нишондиҳандаи рекордӣ тӯли 34 соли ахир дар таърихи кишвар мебошад. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, ин миқдор ангишт дар 18 корхона, ки дар 14 конҳои ангишт фаъолият намудаанд, истихроҷ шудааст. Дар Вазорати мазкур қайд мекунанд, ки ҳаҷми […]

Пайрав Чоршанбиев



Соли гузашта дар Тоҷикистон тақрибан 870 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шуд, ки нишондиҳандаи рекордӣ тӯли 34 соли ахир дар таърихи кишвар мебошад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, ин миқдор ангишт дар 18 корхона, ки дар 14 конҳои ангишт фаъолият намудаанд, истихроҷ шудааст.

Дар Вазорати мазкур қайд мекунанд, ки ҳаҷми ангишти соли гузашта истихроҷшуда аз нишондиҳандаи соли 1991 тақрибан 561 ҳазор тонна зиёдтар аст. «То замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳаҷми истихроҷи ангишт дар кишвар ҳамагӣ то 309 ҳазор тонна мерасид», – таъкид мекунанд дар вазорат.

Дар маълумот зикр мегардад, ки 75% аз ҳаҷми ангишти истихроҷшуда дар соли гузашта ба ҳиссаи корхонаҳои давлатӣ рост меояд.

Қобили зикр аст, ки афзоиши ҳаҷми истихроҷ ва истифодаи ангишт дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби ба ивази гази табиӣ ба истифодаи ангишт гузаштани корхонаҳои саноатӣ сурат мегирад.

Тибқи маълумоти Вазорат, айни замон 194 корхонаҳои кишвар ба сифати сӯзишворӣ аз ангишт истифода мекунанд, ки талаботи умумии онҳо 665 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад ва аз то 201 адад расидани ин корхонаҳо дар соли равон интизорӣ меравад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.