Таъсиси ҷоизаи президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ

Бо мақсади ҳавасманд намудани ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва дар ин робита баланд бардоштани сатҳи иштироки варзишгарони Тоҷикистон дар ин мусобиқаҳо, имрӯз дар бораи таъсиси Ҷоизаи Президенти ҶТ ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ фармони сарвари давлат ба имзо расид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, мутобиқи ин фармон, маблағгузории Ҷоизаи Президенти […]

ASIA-Plus



Бо мақсади ҳавасманд намудани ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва дар ин робита баланд бардоштани сатҳи иштироки варзишгарони Тоҷикистон дар ин мусобиқаҳо, имрӯз дар бораи таъсиси Ҷоизаи Президенти ҶТ ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ фармони сарвари давлат ба имзо расид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, мутобиқи ин фармон, маблағгузории Ҷоизаи Президенти ҶТ ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии сарвари давлат амалӣ карда мешавад.

Президент ба ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки дар мӯҳлати 2 моҳ Низомнома ва ҳайати Комиссияи мукофотпулиҳои Ҷоизаро таҳия ва тасдиқ намуда, масъалаҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва молиявӣӣ марбут ба ин фармонро ҳал намояд.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ дар маҷмӯъ 897 медал – 250 медали тилло, 243 медали нуқра ва 404 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.