ҲНИТ номзадии намояндаашро ба иллати маълумоти олӣ надоштан бозпас гирифт

Рӯйхатии ҳизбии аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии ҲНИТ санаи 16-уми декабр пешниҳодшуда каме ихтисор шуд. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҲНИТ худаш номзадии Усмон Сафиаллоевро, ки таҳти рақами 27 дар рӯйхат қарор дошт, бозпас хондааст. «Ситоди пешаазинтихоботии ҲНИТ ошкор намудааст, ки У Сафиаллоев маълумоти олӣ надорад, ки […]

Аваз Юлдошев



Рӯйхатии ҳизбии аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии ҲНИТ санаи 16-уми декабр пешниҳодшуда каме ихтисор шуд.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҲНИТ худаш номзадии Усмон Сафиаллоевро, ки таҳти рақами 27 дар рӯйхат қарор дошт, бозпас хондааст.

«Ситоди пешаазинтихоботии ҲНИТ ошкор намудааст, ки У Сафиаллоев маълумоти олӣ надорад, ки ин яке аз шартҳои пешбарии номзадҳо ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии ҶТ мебошад», – иброз дошт номбурда.

Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 8-уми январ боқимонда номзадҳои тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҷониби ҲНИТ пешбаришуда муваффақона аз санҷиши донистани забони давлатӣ гузаштаанд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 16-уми декабр дар анҷумани пешазинтихоботии ҲНИТ тибқи рӯйхати ҳизби аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ 28 нафар номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ шуданд, ки дар садри рӯйхат раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ қарор дорад

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.