«Созандагони Ватан»-ро раиси нав ба роҳбарӣ гирифт

Дар маҷлисгоҳи Кохи Ваҳдат Конференсияи 3 юми Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан» баргузор гардид. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, дар кори Конференсия муовини Раиси ҲҲДТ Бобоҷониён Раънохон, Раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» Маъмурзода Адҳам, Муовинони Раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан», роҳбарони намояндагии «Созандагони Ватан»  дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иштирок ва баромад намуданд. Дар Конференсия мазкур […]

ASIA-Plus



Дар маҷлисгоҳи Кохи Ваҳдат Конференсияи 3 юми Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан» баргузор гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, дар кори Конференсия муовини Раиси ҲҲДТ Бобоҷониён Раънохон, Раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» Маъмурзода Адҳам, Муовинони Раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан», роҳбарони намояндагии «Созандагони Ватан»  дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иштирок ва баромад намуданд.

Дар Конференсия мазкур масъалаи Ҳисоботи Раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан»  дар давоми фаъолият, интихоби Раиси нави ТҶҶ «Созандагони Ватан»  мавриди баррасӣ қарор гирифт. Нахуст Раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» Маъмурзода Адҳам  оид ба фаъолияти корӣ дар давоми  3 сол ба ҳозирон маълумоти муфасал дода, аз бурду бохт, чорабиниҳои баргузорнамуда, ва ҷалби ҷавонон ба ин ташкилоти бонуфуз ибрози назар намуд.

Сипас роҳбарони намояндагиҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан»  дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияи Файзобод ба музокирот баромада фаъолияти кории ТҶҶ «Созандагони Ватан»-ро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи Конференсия муовини Раиси ҲҲДТ Бобоҷониён Раънохон баромад намуда,  номзади пешниҳодшуда ба Раисии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ро ба ҳозирон муаррифӣ намуд. Ҳамин тавр, ба вазифаи Раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан»  номзадии Абдураҳмонов Исфандиёр пешбарӣ гардида,  аз ҷониби ҳозирон интихоб карда шуд.

Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ моҳи апрели соли 2011 таъсис дода шуда, моҳи ноябр дар Вазорати адлия сабти ном шуд. Айни замон шумори аъзои ташкилот ҳудуди 30 ҳазор нафар ҷавононро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, ҳудуди 52 ҳазор нафар аъзои ҷавони ҲХДТ низ ба сафҳои ташкилоти «Созандагони Ватан» шомил шуданд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 10-уми декабри соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он ҳудуди 250 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.