ҲНИТ ҳамла ба дафтари маҷаллаи Шарлӣ Ебдоро маҳкум кард

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамлаи ваҳшиёна ба дафтари маҷаллаи ҳаҷвии Шарлӣ Ебдо дар Пориси Фаронсаро, ки дар натиҷаи он 12 нафар кушта шуд, шадидан маҳкум намуда, тасаллияти худро бо мардуми Фаронса баён медорад. Дар сомонаи расмии ҲНИТ дар ин робита зикр мегардад, ки ҳизб карикатураҳои иҳонатомез алайҳи Паёмбари Ислом, Муҳаммад (с)-ро ҳамчун амали фитнаангез маҳкум […]

ASIA-Plus



Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамлаи ваҳшиёна ба дафтари маҷаллаи ҳаҷвии Шарлӣ Ебдо дар Пориси Фаронсаро, ки дар натиҷаи он 12 нафар кушта шуд, шадидан маҳкум намуда, тасаллияти худро бо мардуми Фаронса баён медорад.

Дар сомонаи расмии ҲНИТ дар ин робита зикр мегардад, ки ҳизб карикатураҳои иҳонатомез алайҳи Паёмбари Ислом, Муҳаммад (с)-ро ҳамчун амали фитнаангез маҳкум карда буд, аммо, ҷинояти содиршуда, новобаста аз омилон ва аҳдофашон, наметавонад ҳеҷ далеле дошта бошад ва маҳкуму мардуд мебошад.

Гуфта мешавад, ин амали нангин бори дигар исбот мекунад, ки бояд хама кишварҳо, миллатҳо ва динҳо алайхи ифротгароӣ ва терроризм муттаҳид бошанд ва ҳамкориву муколамаи байни якдигарро тақвият бахшанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.