Мусодираи 130 тонна маҳсулоти гӯштии муҳлаташ гузашта



Соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 1,1 ҳазор тонна маҳсулоти пастсифат ва истеъмолаш хатарнок барои саломатӣ мусодира карда шуд.

Зимни нишасти хабарии имрӯза директори Агентии «Тоҷикстандарт» Бахтиёр Шукузода ба журналистон дар ин робита изҳор намуд, ки қисмате аз маҳсулоти мусодирашуда барои коркарди минбаъда равона гардида, қисмати дигараш нобуд шуд ва нисбати воридкунандагон ё истеҳсолкунандагони чунин маҳсулот чораҳои дахлдори маъмурӣ андешида шуданд.

«Аз ҷумла, соли 2014 кормандони «Тоҷикстандарт» ҳудуди 130 тонна маҳсулоти гӯштӣ, қариб 155 тонна равғани растанӣ, тақрибан 10 тонна маснӯоти макаронӣ, беш аз 320 тонна орд, наздики 15 ҳазор дал нӯшокиҳои машруботӣ, қариб 28 ҳазор дал нӯшокиҳои ғайримашруботӣ, 7,7 тонна маснӯоти қаннодӣ 2 тонна маҳсулоти ширӣ, 17,3 тонна консерваҳо ва ҳамчунин 136 тонна сабзавоту меваҳои истеҳсоли ватанӣ ва хориҷиро, ки ба меъёрҳо ҷавобгӯ набуданд, мусодира карданд», – гуфт номбурда.

Шукурзода ҳамчунин зикр кард, ки маҳсулоти пастсифат ва хатарнок барои саломатии мардумро аз хориҷа асосан шаҳрвандони Тоҷикистон ворид мекунанд.

spot_imgspot_img

Популярное