Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс



– Соати 09-00-и субҳ дар Кумитаи телевизиону радиои назди ҳукумати ҶТ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2014 нишасти хабарии Кумита доир мегардад;

– Дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти хабарии Агентӣ доир мегардад. Оғоз соати 09-00;

– Дар маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ нишасти матбуотии Хадамоти нозироти давлатӣ оид ба бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ барпо мешавад. Оғоз соати 11-00;



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

5.3270

сомонӣ;


1

евро –

6.2581

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.08


73



сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих


1839

— Рӯзи ихтирои акс (фотография).


1940 —

Таъсиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон.


1986

– Аввалин парвози ҳавопаймои боркаши Ан – 124 («Руслан»).


2002

— Осеб дидани се маҳаллаи аҳолинишин дар мавзеи Роғун бар асари заминларза. Офати табиӣ ҷони 3 нафарро рабуда, 55 нафар ҷароҳат бардоштанд.


2009

— Равияи динии «Салафия» дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ эълон шуд.


2012

— Тоҷикистон ва Эрон 20-умин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳоро ҷашн гирифтанд.


1927 —

Зодрӯзи доктори улуми ҷуғрофия Қандил Ҷӯраев, собиқ ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т.Г.Шевченко (феълан Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ), раиси Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона аксаран бидуни боришот, рӯзона баъзан борон меборад (дар баландии беш аз 2200 метр барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +5+10.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришот, рӯзона баъзан боришот (борон, барф) дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +7+12, дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона +3+8.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -7-12, рӯзона 0+5;  дар шарқи вилоят шабона -25-30, рӯзона -7-12.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришот, рӯзона баъзан борон меборад (дар баландии беш аз 1500 метр борон, барф).       

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона 10+15, дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона 0+5.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришот, рӯзона баъзан борон меборад.    

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +13+15.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришот, рӯзона баъзан борон меборад.   

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +12+14.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришот, рӯзона баъзан борону барф  меборад. 

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +9+11.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.    

Ҳарорат: шабона -9-11, рӯзона 0+2.

spot_imgspot_img

Популярное