Раиси Хатлон журналистонро аз таҳдидҳои ифротгароён хотирҷамъ кард



Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода мегӯяд, бояд рӯзноманигорон дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон бо мақомотҳои давлатӣ ҳамкорӣ намоянд.

«Албатта, ҷои таассуф аст, ки имрӯз ҷавонони мо новобаста аз он ки бисёре аз онҳоро ба Ватан баргардондем, боз чанд нафаре он ҷо мондаанд. Имрӯз натанҳо ҷавонони тоҷик, балки аз дигар кишварҳо низ дар Сурия, Ироқ, Афғонистон ва дигар нуқтаҳои даргир ҳузур доранд. Мо намедонем онҳоро пул ва ё дигар омилҳо ба он ҷо мекашанд. Ин албатта камбудии кори мост. Аммо дар пешгирии гаравиш ва ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ бояд сарҷаъмона кор кунем. Ин танҳо вазифаи мақомотҳои давлатӣ набуда, балки тамоми ҷомеъаи тоҷик аст. Шумо, рӯзноманигорон низ бояд дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон саҳмгузор бошед , – гуфт раиси вилоят зимни нишасти хабарӣ, ки рӯзи 9-уми январ дар Қӯрғонтеппа сурат гирифт.

Дар давоми суҳбаташ Гулмаҳмадзода изҳор дошт, ки

таҳдиди гурӯҳҳои террористиро ба сардабири ҳафтаномаи мустақили «Пайк»

Аҳмади Иброҳим маҳкум мекунад.

«Ман ба Шумо ва аҳли эҷоди рӯзнома миннатдории хешро баён месозам, ки маводи зиёд дар мавзӯи экстремизим ба чоп мерасонед. Онҳое, ки Шуморо таҳдид кардаанд ва ба роҳи бад рафтаанд, дигар ба Ватан баргаштан наметавонанд. Аз ин хотир Шумо хотирҷамъ бошед, ба Шумо зараре расонида наметавонанд» – илова кард раиси вилоят.  

spot_imgspot_img

Популярное