Раиси Хатлон журналистонро аз таҳдидҳои ифротгароён хотирҷамъ кард

Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода мегӯяд, бояд рӯзноманигорон дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон бо мақомотҳои давлатӣ ҳамкорӣ намоянд. «Албатта, ҷои таассуф аст, ки имрӯз ҷавонони мо новобаста аз он ки бисёре аз онҳоро ба Ватан баргардондем, боз чанд нафаре он ҷо мондаанд. Имрӯз натанҳо ҷавонони тоҷик, балки аз дигар кишварҳо низ дар Сурия, Ироқ, Афғонистон ва […]

Сайраҳмон Назриев



Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода мегӯяд, бояд рӯзноманигорон дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон бо мақомотҳои давлатӣ ҳамкорӣ намоянд.

«Албатта, ҷои таассуф аст, ки имрӯз ҷавонони мо новобаста аз он ки бисёре аз онҳоро ба Ватан баргардондем, боз чанд нафаре он ҷо мондаанд. Имрӯз натанҳо ҷавонони тоҷик, балки аз дигар кишварҳо низ дар Сурия, Ироқ, Афғонистон ва дигар нуқтаҳои даргир ҳузур доранд. Мо намедонем онҳоро пул ва ё дигар омилҳо ба он ҷо мекашанд. Ин албатта камбудии кори мост. Аммо дар пешгирии гаравиш ва ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ бояд сарҷаъмона кор кунем. Ин танҳо вазифаи мақомотҳои давлатӣ набуда, балки тамоми ҷомеъаи тоҷик аст. Шумо, рӯзноманигорон низ бояд дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон саҳмгузор бошед , – гуфт раиси вилоят зимни нишасти хабарӣ, ки рӯзи 9-уми январ дар Қӯрғонтеппа сурат гирифт.

Дар давоми суҳбаташ Гулмаҳмадзода изҳор дошт, ки

таҳдиди гурӯҳҳои террористиро ба сардабири ҳафтаномаи мустақили «Пайк»

Аҳмади Иброҳим маҳкум мекунад.

«Ман ба Шумо ва аҳли эҷоди рӯзнома миннатдории хешро баён месозам, ки маводи зиёд дар мавзӯи экстремизим ба чоп мерасонед. Онҳое, ки Шуморо таҳдид кардаанд ва ба роҳи бад рафтаанд, дигар ба Ватан баргаштан наметавонанд. Аз ин хотир Шумо хотирҷамъ бошед, ба Шумо зараре расонида наметавонанд» – илова кард раиси вилоят.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.