Пешбарии 5 номзади ҲНИТ номзад ба вакилӣ дар парлумон

Дар конфронсҳои бахшҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта доир гардиданд, аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ 5 нафар фаъолони ҳизб номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ шуданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, конфронси интихоботии бахшҳои ҲНИТ дар ноҳияҳои Файзобод, Нуробод ва Ваҳдат оид ба пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон […]

Аваз Юлдошев



Дар конфронсҳои бахшҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта доир гардиданд, аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ 5 нафар фаъолони ҳизб номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ шуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, конфронси интихоботии бахшҳои ҲНИТ дар ноҳияҳои Файзобод, Нуробод ва Ваҳдат оид ба пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи Файзобод №11 баргузор гардида, номзадии Раҳматуллоҳи Раҷаб, раиси шуъбаи ҲНИТ дар Навоҳии тобеъи марказ ба вакилии МН пешниҳод гардид.

Бахши ҲНИТ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт мушовири раиси ҳизб оид ба ҳуқуқ Зарафо Хӯҷаеваро номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ намуд.

Энергетики касбӣ Нуъмон Шарипов аз ҳавзаи интихоботии Исфара ва Қавӣ Файзиев аз ноҳияи Панҷакент низ номзадҳои ҲНИТ ба вакилӣ дар парлумон пешбарӣ шуданд.

Конфронси муштараки бахшҳои ҲНИТ дар ноҳияҳои Вахш, Бохтар ва Румии вилояти Хатлон Қиёмиддин Авазовро номад ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешбарӣ кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди он ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар чанд рӯзи гузашта Эронро ба ҳамла таҳдид мекунад, баръакси ин дар хусуси шартҳои ду ҷониб...

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.